Дар рафти ин таҷриба ба аввалин 86,7 ҳазор нафар истеъмолкунандагон 15,1 миллиард сӯм кешбэк пардохта шуд.
Дар баробари ин дар давоми як моҳи охир кешбэки пардохтнашуда ба маблағи 5,4 миллиард сӯм барои 276302 чек боқӣ монд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сабабаш камбудиҳо дар ҳисоботи андози 17 517 субъекти соҳибкорӣ будааст:
дар 2 763 нафар соҳибкорон (2,6 млрд. сӯми ҳисобшудаи кэшбэк) реквизитҳои воридот дар ҳисобот пурра инъикос нагардидаанд;
12 406 нафар соҳибкор (1,4 млрд сўми ҳисобшудаи кэшбэк) умуман ҳисобот тақдим накардааст;
2348 нафар соҳибкорон (1,4 млрд. сӯми ҳисобшуда) зиёда аз 1 миллион сӯм қарзи андоз доранд.
Маблағи ҳисобшудаи кешбэк дар тартиби вақти воқеӣ бо назардошти тағйироти ҳаррӯза дар тақдим намудан ва ислоҳ кардани ҳисоботи андоз, инчунин бо назардошти коҳиш додани қарздории андози субъектҳои соҳибкорӣ тасдиқ карда мешавад.
Ба диққати истеъмолкунандагон! Ҳангоми харид, чек талаб намоед ва ба маблағи харид 1% кешбэк ба даст оред. Кешбэк ба шахсе, ки чекро аз қайд гузарондааст, гузаронида мешавад.
Чекро талаб карда, дар кори ба роҳ мондани назорати халқӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва адои хизмати маишӣ хисса мегузоред! Бепарво набошед ва ҳуқуқи худро ҳимоя кунед!