"Яке аз бузургтарин сӯрохиҳои тоҷии чанд соли охир дар Офтоб <…> пас аз анҷоми як гардиши пурра дар атрофи меҳвари Офтоб ба сӯи Замин бармегардад. Дар канори ҷараёни бодҳои тези офтобӣ, ки ин сӯрохӣ ба вуҷуд меорад, алакай имрӯз дар нимаи рӯзи дуюм убур шавад", – омадааст дар гузориши лаборатория.
Ҳавошиносон қайд кардаанд, ки аллакай имрӯз, 10 феврал, суръати плазма дар атрофи Замин метавонад то 600–700 км/с афзоиш ёбад, ҳол он ки дар айни ҳол он 350–400 км/с мебошад.
Ба гуфтаи олимон, таъсири сӯрохии тоҷӣ дар Офтоб ба Замин то 16 феврал идома хоҳад ёфт.
Бо дарназардошти ноустувории обу ҳавои кайҳонӣ, олимон дар бораи таъсири эҳтимолӣ ба шахсони ба обу ҳаво ҳассос огоҳ менамоянд. Дар давоми ҳафтаи оянда чунин шахсон метавонанд сардардӣ, беқувватӣ ва тағйирёбии рӯҳиро эҳсос кунанд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии геомагнитӣ ҳолати равонӣ ва эҳсосотии худро назорат карда, аз ҳолатҳои стрессӣ худдорӣ намоянд.