Ширкати ҳавопаймоии Малайзия «AirAsia X» парвозҳои мунтазамро ба Ӯзбекистон оғоз мекунад

    Нақлиёт 7 Fevral 2025 1025

    Агентии «Ӯзаавиатсия» тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Малайзия, 3 феврали соли 2025 ба ширкати ҳавопаймоии «AirAsia X Berhad» иҷозатномаи иҷрои парвозҳои мунтазамро ба Ӯзбекистон дар хатсайри «Куала-Лумпур – Тошканд – Куала-Лумпур» додааст.

    Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати нақлиёт парвозҳои ин хатсайр бо ҳавопаймои A330 анҷом дода мешаванд.

    Айни замон, парвозҳои мунтазами байни ду кишварро «Uzbekistan Airways» (рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе) ва «Batik Air» (рӯзҳои душанбе, ҷумъа ва шанбе) дар хатсайри «Тошканд – Куала-Лумпур» анҷом медиҳанд, ки ҳафтае 5 парвозро ташкил медиҳад.

    Дар соли 2024, дар маҷмӯъ 49 749 мусофир байни Ӯзбекистон ва Малайзия интиқол дода шудаанд.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates