Мувофиқи ҳуҷҷат дар моҳи декабри соли 2021 инҳо ба миқдори 800 ҳазор сӯмӣ ёрии якдафъаинаи моддӣ мегиранд:

  • оилаҳое, ки дар тӯли соли 2021 дар рӯйхати "дафтари оҳанин" қарор доранд;
  • оилаҳое, ки фарзандони то 18-сола доранд, ба муносибати гум кардани саробон нафақа ё ёрдампулӣ мегиранд;
  • оилаҳое, ки барои фарзандони то 18-сола ёрдампулии ногироӣ мегиранд.

Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ чоп шудааст ва аз 22 декабри соли 2021 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".