Илова бар ин, сарони давлатҳо ҳуҷҷатҳои муҳими зеринро низ қабул карданд:

– Муроҷиат ба кишварҳои узви СММ оид ба номзадии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2027–2028;

– Қарор дар бораи иштироки комилҳуқуқи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;

– Консепсияи амният ва суботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ;

– Феҳристи хатарҳои амнияти Осиёи Марказӣ ва чораҳои пешгирии онҳо барои солҳои 2026–2028.