Намояндагони ҳайати вакилони мамлакатамон ба ҷаноби Питер дар бораи таваҷҷухи бузурги Президенти Ӯзбекистон ба инкишофи спорт, пурзӯр намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ муфассал маълумот доданд. Сиярто Питер дар навбати худ қайд кард, ки борҳо ба кишвари мо сафар кардааст ва аз ислоҳоти дар кишвар гузаронидашуда бохабар аст. Илова бар ин, зикр гардид, ки бо талошҳои муштарак ба рушди боз ҳам бештар ва оммавӣ гардидани варзиш дар ҳарду кишвар ноил мегардад. Дар навбати худ, ҷониби Венгрия аз ҳамкориҳо бо кишвари мо изҳори қаноатмандии комил кард.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи варзиш ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаи инкишоф додани савдои асбобу анҷоми варзишии дорои сифати баландтарини истеҳсоли Венгрия, воситаҳои фармакологии дар соҳаи спорт истифодашаванда қисми асосии рӯзнома буд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби мутахассисони пурқуввати ҳарду кишвар барои табодули таҷриба, ташкили ҷамъомадҳои таълимиву тамринии дастаҳои миллӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои онҳо муфассал баррасӣ шуданд.
Инчунин, намояндагони ҳайати Ӯзбекистон аз саҳнаи «Дуна», ки дар ин рӯзҳо мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши обӣ мебошад, дидан намуда, бо таърихи бунёди он ва инчунин имкониятҳо шинос шуданд. Дар робита ба ин, мизбонон дар бораи ин иншоот ба шахсони расмии ватанӣ муфассал иттилоъ доданд.