Вазири ВССХ дурнамои рушди ҳамкории байнибонкиро бо роҳбарияти Бонки рушди Беларус баррасӣ кард

    Молия 26 Avgust 2022 1222

    Дар ҳошияи сафари ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Беларус дар Минск гуфтушуниди муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо роҳбарияти Бонки рушди Беларус ва агентиҳои суғуртаи "Белексимгарант" ва "Промагролизинг" баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои иштироки муассисаҳои молиявии Беларус дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи мошинсозӣ, электротехника, дорусозӣ ва кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Раҳбарияти Бонки рушди Беларус барои ширкат дар маблағгузории муомилот бо Ӯзбекистон дар асоси таҷрибаи мавҷудаи кор бо бонкҳои Ӯзбекистон ва захираҳои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

    Масъалаи ташкили сафари роҳбарияти Бонки рушд, агентиҳои «Белэксимгарант» ва «Промагролизинг» дар шаҳри Тошканд барои омӯзиши лоиҳаҳои истиқболдор ва баргузории гуфтушунидҳо дар як қатор вазорату идораҳои дахлдори Ӯзбекистон дар моҳи сентябр мувофиқа карда шуд.

    Масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ дар заминаи суботи нисбӣ ва суботи пешбинишавандаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила низ баррасӣ шуданд.

    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар доираи созишномаҳои мавҷуда идома диҳанд ва масъалаҳои ҳамкориҳои наздиктарро дар ҷараёни сафари нақшавии роҳбарияти Бонки рушди Беларус ба Ӯзбекистон баррасӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates