Дар доираи чорабинӣ вазир дар ҷаласаи умумӣ таҳти унвони «From Summit of the Future to WSIS+20» суханронӣ намуда, инчунин дар сессияҳои умумӣ ва як қатор муҳокимаҳои дигар ширкат варзид.
Форуми идоракунии интернет (Internet Governance Forum, IGF) — ин як платформаи бисёрҷониба барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба идоракунии интернет мебошад. Он намояндагони ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои техникӣ ва академиро баробар ба ҳам меорад ва раванди муколамаи кушода ва фарогирро таъмин менамояд.
Таъсиси IGF расман аз ҷониби Дабири кулли СММ моҳи июли соли 2006 эълон гардида, ҷаласаи нахустини он моҳи октябр-ноябри ҳамон сол баргузор шуд. Аз он вақт инҷониб форум ҳар сол баргузор шуда, барои табодули ақида ва ҷустуҷӯи муштараки ҳалли масъалаҳои муҳими идоракунии интернети ҷаҳонӣ майдон фароҳам меорад.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ҳамкории байналмилалии ҳукуматҳо, пешгирии хатарҳои гуногун ва бартараф намудани мушкилоти рушди байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Инчунин, иштирокдорон таъсири технология ва инноватсияро ба тарзи зиндагии одамон ва суръати эҳтимолии афзоиши ин равандҳоро дар оянда баррасӣ карданд.
Бо намояндагони сиёсӣ аз кишварҳои гуногун, тадқиқотчиён ва мутахассисони баландихтисос оид ба масъалаҳои мазкур табодули назар сурат гирифт.