Ӯзбекистон ва корпоратсияи қатарии «Mannai» ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

    Вазири технологияҳои рақамии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов дар ҷараёни сафари худ ба Қатар бо муовини директори иҷроияи корпоратсияи «Mannai» Холид Маннаи, роҳбари корпоратсия Алех Гревал ва ноиби калони президенти «Mannai InfoTech» ҷаноби Бину мулоқот кард.

    Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои таъсиси маркази офшорӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо баррасӣ гардид, гуфта мешавад дар хабарномаи Вазорати технологияҳои рақамӣ.

    Ба рушди лоиҳаи махсус, ки дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Mannai» ва дигар ширкатҳои IT-и Қатар таҳия мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ҳадафи ин лоиҳа баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва кам кардани хароҷоти ба кор қабул кардан мебошад.

    Ҳамчунин масъалаи таъсиси маркази махсуси таълимӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ гардид.

    Дар натиҷаи вохӯрӣ Вазорати технологияҳои рақамӣ ва корпоратсияи «Mannai» меморандуми ҳусни тафоҳумро имзо карданд.