Мавзӯи асосии баррасӣ шурӯи корҳо оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии (АТИ) сохтмони роҳи оҳани мусофирбари баландсуръати «Тошканд - Самарқанд» буд.
Ин лоиҳа, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз шуда, барои такмили низоми нақлиёти кишвар равона шудааст. Роҳи нав вақти сафар байни ду шаҳрро ба таври назаррас коҳиш дода, сатҳи бароҳати мусофирон ва сифати хидматрасониҳои нақлиётиро беҳтар хоҳад кард.
Тарафҳо аҳамияти ин ташаббусро барои беҳтар намудани робитаҳои байниминтақавӣ, афзоиши ҳаҷми мусофирон ва зиёд кардани шумораи рейсҳои қатораҳои баландсуръат таъкид карданд.
Амалӣ шудани лоиҳа ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, соҳаи нақлиёти Ӯзбекистонро ба сатҳи нав мебарорад.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо қарор шуд, ки гурӯҳи корӣ барои суръат бахшидани ҷараёни омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа таъсис дода шавад.