Мутобиқи ҳуҷҷат, барои кормандон:

бо реҷаи кории 5-рӯза рӯзи истироҳат аз 4 январи соли 2025 (шанбе) ба 2 январ (панҷшанбе) кӯчонида мешавад.

бо реҷаи кории 6-рӯза 2 январ (панҷшанбе) ҳамчун рӯзи иловагии истироҳат эълон шудааст.

Бо ин ҳисоб, кормандон бо реҷаи кории 5-рӯза метавонанд 6 рӯз ва бо реҷаи кории 6-рӯза 5 рӯз пайдарпай истироҳат кунанд:

28 декабр (шанбе) – рӯзи истироҳат барои кормандон бо реҷаи кории 5-рӯза (барои кормандон бо реҷаи кории 6-рӯза – рӯзи корӣ);

29 декабр (якшанбе) – рӯзи умумии истироҳат;

30 декабр (душанбе) – рӯзи иловагии истироҳат;

31 декабр (сешанбе) – рӯзи иловагии истироҳат;

1 январ (чоршанбе) – рӯзи ҷашнии истироҳат;

2 январ (панҷшанбе) – рӯзи истироҳат барои кормандон бо реҷаи кории 5-рӯза, рӯзи иловагии истироҳат барои кормандон бо реҷаи кории 6-рӯза.

Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузорӣ ба забони давлатӣ нашр шудааст ва аз 24.12.2024 эътибор пайдо кардааст.