Туман мавҷуд буда, ҳарорати ҳаво 0 дараҷа аст, масофаи дидан дар роҳҳо 400 метр ва намнокии ҳаво 90 фоизро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёт.

Бо мақсади таъмини ҳаракати бехатари дуҷонибаи воситаҳои нақлиёт дар ағба бо истифода аз техникаҳо омехтаи қуму намак пошида, корҳои тоза кардани барф анҷом дода мешаванд.

Ҳоло воситаҳои нақлиётӣ дар ҳар ду самт бехатар ҳаракат менамоянд.