«Дар соати 11 ва 26 дақиқаи вақти Москва дар диапазони рентгенӣ дар гурӯҳи доги офтобӣ 3372 (N21Э30) алангаи М1.1, ки 14 дақиқа давом кард, ба кайд гирифта шуд. Сар задани аланга бо вайрон кардани алоқаи радиои КВ мушоҳида гардид”, - гуфта мешавад дар мақола.
Дар маҷмӯъ, олимон оташфишонии офтобро вобаста ба қувваи рентгенӣ ба панҷ синф тақсим мекунанд: A, B, C, M, X. Синфи ҳадди ақали А дорои қудрати радиатсионӣ дар мадори Замин 10 нановатт дар як метри мураббаъ мебошад. Ҳар як синфи оянда 10 маротиба пурқувваттар аст.
Мувофиқи пешгӯии обу ҳавои кайҳонӣ барои 17 июл, «сар задани алангаи класси X, аз ҷумла оташи протонҳо имконпазир аст». Бад шудани шароити алоқаи радиои КВ низ дар назар дошта шудааст.
Оташфишонӣ дар Офтоб метавонанд дар рӯи Замин тӯфонҳои магнитиро ба вуҷуд оранд, ки дар навбати худ ба вайроншавии системаҳои энергетикӣ оварда мерасонанд ва инчунин ба роҳҳои муҳоҷирати паррандагон ва ҳайвонот таъсир мерасонанд. Илова бар ин, тӯфонҳои шадид боиси халалдор шудани алоқаи кӯтоҳмавҷ ва системаҳои навигатсионӣ, инчунин афзоиши барқ дар шабакаҳои саноатӣ мешаванд.