Нуриддин домла Холиқназаров соли 1968 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шудааст.  Соли 1992 мадрасаи Мир Араб дар вилояти Бухоро, соли 1998 Донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии Фарғонаро хатм кардааст.

Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси имом-хатиби масҷиди "Аҳмадалӣ Махдум"-и Асака, имом-хатиби масҷиди "Оқ тепа"-и Тошканд, омӯзгори мадрасаи "Кукалдош"-и пойтахт, омӯзгори мадрасаи "Сайид Муҳиддин Махдум» дар Андиҷон, саримом-хатиби вилояти Андиҷон ва саримом-хатиби Тошканд аз соли 2019 то имрӯз кор кардааст.

Ба вазифаи саримом-хатиби шаҳри Тошканд саримом-хатиби ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ва имом-хатиби масҷиди "Мирзо Юсуф" Раҳматулла Сайфуддинов таъин шуд.

Сайфуддинов ба ҳайси имом-хатиби масҷиди "Ҳожи Аламбардор", масҷиди  "Минор"-и шаҳри Тошканд ва имом-хатиби масҷиди "Мизо Юсуф"-и шаҳри Тошканд кор кардааст.