ҲХДӮ номзадро барои ширкат дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон тасдиқ кард

    Интихоботи 30 May 2023 2677

    Дар Анҷумани XIII Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ) 29 майи соли равон дар шаҳри Тошканд қарор қабул намуд, ки ба сифати номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати 9 июл раҳбари ин ҳизб Улуғбек Иноятов тасдиқ карда шавад.

    Ёдовар мешавем, ки пленуми ин ҳизб 12 май Улуғбек Иноятовро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Пас аз ин, вай барои ширкат дар интихобот ба Комиссияи марказии интихоботӣ ҳуҷҷат пешниҳод намуда, иҷозат гирифтааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар рафти съезд ҳизб барномаи номзадро тасдиқ кард.

    Ҳадафи аслии барномаи номзад дар Ӯзбекистон бунёд намудани давлати иҷтимоии демократӣ, ки ба меъёрҳои адолати иҷтимоӣ, баробарии иҷтимоӣ ва демократия ҷавобгӯ аст, мебошад гуфта мешавад дар хабар.

    Дар барнома дар самтҳои рушди давлату ҷомеа, таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, пешбурди сиёсати пурқуввати иҷтимоӣ ҳудуди 100 пешниҳоду ташаббус ба миён гузошта шудааст.

    Дар ин ҳуҷҷат ҳамчунин ба масъалаи сиёсати созандаи хориҷии бар пояи ошкорбаёнӣ ва бартарияти манфиатҳои миллӣ асосёфта таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

    Вакилони анҷуман қайд карданд, ки барномаи номзад ба ғоя ва ҳадафҳои афзалиятноки барномавии Ҳизби халқӣ-демократӣ мувофиқ буда, дар барнома ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагони ҳизб ва табақаҳои камдаромади аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates