Нурмат Отабеков ӯзбекистониёнро даъват кард, ки аз сафар ба кишварҳое, ки штамми нави коронавирус паҳн мешавад, худдорӣ кунанд

    Муовини роҳбари Хидмати осоиштагии санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков таъкид намуд, ки штамми коронавирус метавонад ба кишвари мо тавассути кишварҳои дуюм ва сеюм ворид шавад, аз ин рӯ ӯзбекистониёнро даъват кард, ки ба мамлакатҳое, ки паҳншавии вирус мушоҳида мегарданд, беасос ташриф наоранд.

    Нурмат Отабеков дар бораи паҳншавии штамм нави коронавирус бо номи "омикрон" дар ҷаҳон изҳори назар кард. Хабарро хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ чоп кардааст.

    Инак, аз суханони Н.Отабеков бармеояд, ки вирусҳо организмҳои оддию беҳуҷайра буда, тағйирпазирии онҳо табиист. То имрӯз дар ангезандаи коронавирус беш аз ҳафт ҳазор штамми мутатсияшуда муайян карда шудааст. Штамми нав яке аз онҳост.

    Мутахассис қайд мекунад: бо мурури замон шояд барои штамми нав протоколи алоҳида таҳия карда шавад. Ба ақидаи ӯ, истифодаи муассир аз имконоти мавҷудаи ташхисӣ, табобатӣ ва профилактикӣ дар мубориза бо ин навъи вирус натиҷа медиҳад.

    Муовини раиси ХСЭ ҳамчунин ёдовар шуд, ки чораҳои пешгирикунанда вобаста ба карантин то ҳол лағв нашудаанд ва шаҳрвандонро ба риояи фаъолонаи онҳо даъват кард. Айни замон зарур аст, ки вазъи муътадили эпидемиологиро, аз ҷумла тавассути ташаккули иммунитети ҷамоавӣ, яъне баланд бардоштани сатҳи эмгузаронӣ нигоҳ дошт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates