Дар асоси тамоюли “Фароғати ҷавонон – вақти кории пешво” дар назар аст, ки пешвоёни ҷавонон дар як сол ду маротиба мунтазам “Олимпиадаи панҷ ташаббус”-ро баргузор кунанд.
"Олимпиадаи панҷ ташаббус" дар панҷ марҳила (маҳалла – сектор – ноҳия – вилоят – ҷумҳурӣ) баргузор шуда, ғолибони марҳилаи ниҳоӣ 30 июн – дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва моҳи декабр – дар доираи Форуми ҷавонон мукофотонида мешаванд.
Дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» бозиҳои футболи хурд, футбол, волейбол, варзиши сабук, стритбол, шоҳмот-шашка, бадминтон, тенниси рӯи миз, киберфутбол, бозиҳои стратегияи даставӣ ва инфиродӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони китобхон», «Мушоира», мусобиқаҳои «Қувноқлар ва зукколар», инчунин бозиҳои зеҳнии «Зукко китобхон» ва «Заковат» ташкил карда мешаванд.
Барои иштирок дар олимпиадаи панҷ ташаббус дар заминаи кӯчаву биноҳои бисёрошёнаи маҳаллаҳо бақайдгирии электронии иштирокчиёни инфиродӣ ва дастаҳо сурат гирифта, дар саросари кишвар беш аз 7,5 миллион ҷавонон фаро гирифта мешаванд.