Самти афзалият дар соҳаи чорводорӣ муайян шуд

    Дар асоси Қарори Президент аз 8 феврали соли 2022 Барномаи тараққиёти соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таи солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шуд.

    Барнома ба таъмин кардани бехавфии озуқаворӣ аз ҳисоби баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти чорво, ҷорӣ карда шудани усулҳои замонавии истеҳсолот, такмили муносибатҳои кооператсионӣ, аз тарафи давлат ҳимоя шудани соҳаи чорводорӣ, нигаронида шудааст

    Самтҳои афзалиятноки он:

    - таври мӯътадил таъмин кардани аҳолӣ бо маҳсулоти чорво, вусъат додани истеҳсолот дар чорводорӣ ва дар соҳаҳои он;

    - цавӣ гардондани назорат дар соҳаи чорводорӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қобили содирот ва ба рақобат тобовар;

    - ба роҳ мондани усули истифодабарии пурмафоди захоири табиӣ ва муҳофизати муҳити атроф ба таври системанок, ба таври оқилона истифода кардан аз захираҳои заминӣ ва обӣ;

    - тараққиёти минбаъда, беҳтар кардани сифат ва зиёд кардани навъи хизматрасонӣ дар соҳаи чорводорӣ, ба таври васеъ ҷорӣ кардани усулҳои замонавии муносиботи бозор дар соҳаи мазкур;

    - навсозии соҳаи истеҳсоли маҳсулоти чорво, зиёд кардани сармояҳои хусусӣ ва маҷрои молиёти хориҷӣ барои дастгирии соҳа, ҷорӣ кардани роҳу равиши ҷолибияти инвеститсионӣ;

    - коркарди меъёрҳои маҳсулоте, ки аз ҳисоби як гектари замини обӣ ва лалмӣ ба мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва таъмини фоидабахши майдонҳои тахсисёфта истифода мешаванд.

    Инчунин “харитаи роҳ” оиди дар соли 2022 ба ҳаёт татбиқ кардани вазифаҳое, ки дар Барномаи тараққиёти самти чорводорӣ ва соҳаҳои он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таи солҳои 2022-2026 муайян шудаанд, тасдиц гардид.

    Барои рушди соҳаи чорводорӣ ва соҳаҳои вай дар соли 2022 пешбинӣ шудааст, ки қарз (кредит), дар ҳаҷми 300 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби Бонки умумҷаҳонӣ мавриди истифода қарор меёбад, хабар медищад «Norma».