Дар ҷараёни ҷаласа афзалиятҳои кор ва вазифаҳои аввалиндараҷа дар ҳашт самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа: ҷалби сармоягузорӣ, вусъат додани иқтидори содиротӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва бахши аграрӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, рақамисозӣ, рушди бахши иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва ҷорӣ намудани ииноватсияҳо, фаъолсозии туризм, масъалаҳои рушди бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ муайян шуданд.

Роҳбарони зергурӯҳҳои дахлдор дар бораи корҳои анҷомёфта, мушкилоти имрӯза маълумот пешниҳод намуда, дар бораи қадамҳои минбаъдаи ҳалли онҳо нақл карданд.

Натиҷаҳои таҳлили вазъи кунунии рушд дар қисмати ноҳияҳо, шаҳрҳо ва ҳамаи 307 маҳаллаҳои вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд. Ба роҳбарони масъуле, ки ба маҳаллаҳо вобаста карда шудаанд, супориш дода шуд, ки мушкилоти муайяншударо ҳамаҷониба омӯзанд ва барои ҳалли онҳо чораҳо андешанд.

Рафти татбиқи Барномаи минтақавии инвеститсионии Навоӣ барои солҳои 2021-2022, ки 883 лоиҳаи арзиши умумиаш 22,3 триллион сӯмро дар бар мегирад, мавриди омӯзиш қарор гирифт, ки татбиқи онҳо беш аз 15,6 ҳазор ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад. Як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим ба миён гузошта ва ҳамаҷониба коркард карда шуданд - роҳбарони идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ барои зудтар бартараф кардани мушкилоти муайяншуда дастур гирифтанд. Инчунин зарурати пурзӯр намудани корҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ бо эътибор ба афзоиши занҷирҳои арзишӣ дар истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи минтақаҳои хурди саноатӣ ва озоди иқтисодӣ қайд карда шуд.

Масъалаҳои васеъ намудани барномаи маҳаллисозии корхонаҳои бузурги саноатӣ баррасӣ гардиданд. Барои гузарондани таҳлили муфассали сохтори воридоти минтақавӣ ва таҳияи пешниҳодҳо дар заминаи он оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят супориш дода шуд.

Дар ин самт, мувофиқи мақсад будани омӯхтани лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки  дар вилоят бобати маҳаллисозии мавод ва таҷҳизоти воридшавандаи барои сохтмон ва роҳандозиии истеҳсолот пешбинишуда татбиқ мешаванд, қайд гардид.

Вазифа гузошта шуд, ки оид ба маҳаллисозии истеҳсоли таҷҳизот ва ҷузъҳое, ки корхонаҳои ватанӣ эҳтиёҷ доранд, дар мавриди зарурӣ бо ҷалби иқтидорҳои саноатии дигар минтақаҳои кишвар, ки дар навбати худ ба ташкили кооператсияи саноатии байниминтақавӣ мусоидат мекунанд, пешниҳодҳо таҳия карда шаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ ҶӮз.

Тадбирҳои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ташкили ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани шуғли шахсони ба рӯйхати мақсаднок ("дафтари оҳанин", "дафтари ҷавонон" ва "дафтари занон") дохилшуда алоҳида муҳокима шуданд.

Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои дахлдорро бо зикри мӯҳлати татбиқ ва натиҷаҳои пешбинишуда таҳия намоянд.

Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро дар вилоят бо мақсади коркарди пешниҳодҳои нав ҷиҳати ҳавасмандгардонии рушди ҳамаҷонибаи минтақа идома хоҳад дод.