Дирӯз роҳбарони ду кишвар аз ҷойҳои сазовори диққати Самарқанд боздид намуданд. Дар музокироти судманде, ки имрӯз баргузор шуд, самтҳои афзалиятнок ва умедбахши рушди ҳамкориҳо муайян гардида, аз рӯйи ба марҳилаи нав баровардани муносибатҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд.
Баъди анҷоми чорабиниҳо, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд гусел кард.
Бо ҳамин, Сарвари давлат сафари худро ба Самарқанд анҷом дода, ба Тошканд баргашт.