Сарвари давлатамон ҳамкориҳои судмандро бо ширкати Саудӣ, ки бузургтарин сармоягузор дар рушди бахши энергетикаи “сабз”-и Ӯзбекистон мебошад, бо қаноатмандӣ қайд кард.

Дар айни ҳол дар соҳаи энергияи муқобил ба 7,5 миллиард доллар  лоиҳаҳо ба амал бароварда мешаванд. Ғайр аз ин, ба лоиҳаҳои нави сохтмони неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ, истеҳсоли водороди «сабз» тайёрии фаъолона давом дорад.

Зимни суҳбат дурнамои тавсеаи минбаъдаи кооператсия, пеш аз ҳама пешбурди лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз он ҷумла дар доираи Шӯрои соҳибкории Ӯзбекистону Саудия баррасӣ шуданд.