Дар ҷараёни суҳбат вазъи кунунии мураккаби минтақаи Шарқи Наздик баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки ноустувории ба вуҷудомада боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.

Президенти Ӯзбекистон вобаста ба ҳодисаҳои дар қаламрави Уммон рухдода изҳори нигаронии амиқ намуда, таъкид кард, ки Ӯзбекистон ҷонибдори қатъии ҳаллу фасли ҳама гуна ихтилоф ва низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ-дипломатӣ ва осоишта, тавассути музокирот мебошад.

Сарвари давлати мо нақши фаъоли миёнаравии Султонат ва талошҳои пайвастаи онро барои таъмини амният дар минтақа махсус қайд кард.

Ҳамчунин Президенти кишвар ба Аълоҳазрат Султон барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Уммон қарор доранд, ва баргардонидани онҳо ба Ватан изҳори миннатдории самимӣ намуд.

Дар навбати худ Султони Уммон ба роҳбари Ӯзбекистон барои ҳамраъйӣ ва дастгирӣ ташаккур гуфта, изҳори итминон кард, ки сафари таърихии сатҳи олӣ ба шаҳри Масқат бомуваффақият баргузор хоҳад шуд.