Роҳбари давлати моро дар Аэропорти байналмилалии пойтахти Белгия намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стирпайс ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
24 октябр Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен музокирот мегузаронад, инчунин бо Подшоҳи Белгия Филипп мулоқот хоҳад дошт.
Роҳбари давлат дар чорабинии имзои Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.
Дар доираи ташриф баргузории суҳбати "мизи мудаввар" бо намояндагони ширкат ва ниҳодҳои пешбари молиявии Аврупо низ ба нақша гирифта шудааст.