Дар оғози мулоқот меҳмони олӣ салом ва беҳтарин орзуҳои Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд ва Валиаҳд, Сарвазир Муҳаммад бин Салмон Ол Саудро ба роҳбари давлати мо расонд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрсамта ва шарикии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои судманд босуръат рушд ёфта истодаанд. Тамосҳо дар ҳама сатҳҳо фаъолтар шудаанд. Ҳаҷми савдои мутақобила, сармоягузориҳои мустақим ва шумораи корхонаҳои муштарак меафзояд. Шумораи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвар низ зиёд шудааст.
Ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштарак ба 27 миллиард доллар расидааст. Бо ширкати ACWA Power як қатор лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика ба маблағи 15 миллиард доллар татбиқ мешаванд.
Ба натиҷаҳои судманди ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои тиҷоратӣ, ки рӯзҳои охир дар шаҳри Тошканд баргузор шуданд, баҳои баланд дода шуданд. Дар доираи онҳо созишномаҳо ва шартномаҳои нав ба имзо расиданд.
Ба иҷрои ҳарчи зудтари лоиҳаҳо ва ташаббусҳо дар соҳаҳои энергетикаи “сабз”, кишоварзӣ, саноати электротехникӣ, сохтмони манзил, навсозии инфрасохтор дар минтақаҳои кишвар ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.