Хонуми якуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чорабиниҳои фарҳангии Будапешт иштирок кард

    Фарҳанг 22 May 2025 2235

    21 май дар боғи Варошлигети Будапешт дар доираи нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ бо иштироки бонуҳои нахустини Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҳамсари Сарвазири Венгрия чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд.

    Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зироат Мирзиёеваякҷоя бо ҳамсари Сарвазири Венгрия Анико Левай ва хонуми аввали Ҷумҳурии Қирғизистон Ойгул Жапарова аз Хонаи мусиқӣ дар боғи Варошлигет дидан карданд.

    Хонаи мусиқӣ маркази фарҳангию маърифатӣ буда, соли 2022 бар асоси лоиҳаи меъмори маъруфи ҷопонӣ Соу Фуҷимото сохта шудааст. Дар доираи ташриф барномаи махсуси консертӣ аз ҷониби ансамбли мусиқии мардумии Венгрия ба хонумони аввал пешкаш гардид. Дар он баробари оҳангҳои анъанавии Венгрия, сурудҳои халқии Осиёи Миёна низ иҷро гардиданд. Ин қаробати фарҳангии байни халқҳо ва ҳамоҳангии мероси мусиқиро бори дигар тасдиқ кард. Ба меҳмонон дар бораи таърихи сохтмони Хонаи мусиқӣ ва самтҳои фаъолияти он маълумот дода шуд.

    Хонумҳои аввалин намоишгоҳи доимиро таҳти унвони «Андозаҳои садо - сайёҳати мусиқӣ тавассути вақт ва фазо» тамошо карданд. Ин экспозитсияи интерфаъол дар асоси беш аз 300 порчаи мусиқӣ ҳафт марҳилаи асосии инкишофи мусиқии Аврупо ва Венгрияро фаро мегирад.

    Дар доираи сафари фарҳангӣ меҳмонон бо «гунбази садо» - инсталлятсияи аудиовизуалии 360 дараҷа шинос шуданд. Толорҳои консертии марказ, лабораторияҳои таълими мусиқӣ ва намоишгоҳҳои бо технологияи пешрафтаи акустикӣ муҷаҳҳазшуда низ таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб карданд.

    Баъд аз ин, Зиёрат Мирзиёева аз қалъаи Вайдахуняд, воқеъ дар боғи Варошлигет, ки услубҳои готика, барокко ва ренессансро муттаҳид мекунад, дидан кард.

    Дар бинои ин қаср Осорхонаи кишоварзии Венгрия ҷойгир буда, дар он экспонатҳои нодири марбут ба кишоварзӣ, токпарварӣ ва маҳсулоти хӯроквории мардуми венгер ба намоиш гузошта шудаанд.

    Дар ҷараёни сафар бори дигар эътироф гардид, ки мероси фарҳангӣ, мусиқӣ ва таърих омилҳое мебошанд, ки робитаҳои дӯстӣ ва риштаҳои ҳамкории байни халқҳои туркро боз ҳам мустаҳкам мекунанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates