516 нафар бо гумони ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ дар Қорақалпоғистон боздошт шуданд

    Бехатарӣ 5 Iyul 2022 1113

    1-2 июл дар пайи бетартибиҳои оммавӣ 243 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора ба 149 нафар шаҳрвандон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, барои идомаи табобат дар хона иҷозат дода шудааст.

    Дар ин бора дар брифинг дар АИКО роҳбари хидмати иттилоотии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даврон Ҷуманазаров хабар дод.

    Феълан дар маҷмуъ 94 нафар беморон дар бемористон бистарӣ шуда, дар миёни осебдидагон шахсони аҳволашон вазнин, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ҳастанд.

    Баъди эълон шудани вазъияти фавкулодда шаби 3 ба 4 июл 110 кас барои вайрон кардани талаботи соати комендантӣ, ки дар кӯча бесабаб мегашт, дастгир карда шуд. Ба майдончаи ҷарима 12 воситаи нақлиёти автомобилӣ ҷойгир карда шуд.

    Фаъолияти тамоми мағозаҳои хӯрокворӣ, бозорҳо, нонвойхонаҳо, биржаҳо, бонкҳо ва банкоматҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра кор мекунанд.

    Аҳолӣ мунтазам бо қувваи барқ, гази табиӣ ва оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates