Аз шаҳрвандоне, ки ба Лвов омадаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо намояндаи диаспора - Салиев Маъруф (+380 96 102 10 95) дар тамос шуда, маълумоти худро барои тартиб додани рӯйхат ба ӯ пешниҳод намоянд.
Убури марз танҳо ба таври мутамарказ дар автобусҳо бо ҳамроҳии намояндагони сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар Украина ва Лаҳистон сурат мегирад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар, шумо дар сарҳад ба мушкилот дучор мешавед.
Дар вақти тартиб додани рӯйхатҳои эвакуатсияшудагон дар навбати аввал ба занон, бачагон, донишҷӯён ва пиронсолон афзалият дода мешавад.
Сафорат итминон дод, ки барои таъмини бехатарии эвакуатсияи ҳамаи шаҳрвандони мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.