Президент бо соҳибкорон мулоқот анҷом дод

    Ҳукумат 20 Avgust 2021 14679

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 август  бо соҳибкорони мамлакатамон мулоқоти кушод анҷом дод.

    Дар чорабинӣ, ки аввалин вохӯрӣ дар ин формат гардид, қариб даҳ ҳазор соҳибкорон иштирок карданд.

    Тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти кишвари мо муайян шудаанд. Дар давоми панҷ соли охир барои рушди ин соҳа тақрибан 2 ҳазор қонун, фармон ва қарор қабул карда шуд.

    Барои соҳибкорӣ 114 литсензия ва иҷозатнома бекор карда, бинобар 33 намуди фаъолият тартиби огоҳинома ҷорӣ карда шуд. Тартиби гирифтани иҷозатнома содда карда шуда, ба ҳисоби миёна мӯҳлати додани онҳо 2 баробар кам карда шудааст. Тафтишҳои зиёдатӣ бекор карда шуда, маҳдудиятҳо вобаста ба гардиши пули нақд, асъор ва ашёи хом аз байн бардошта шуданд.

    Дар натиҷаи чунин имкониятҳо теъдоди субъектҳои нави соҳибкорӣ босуръат меафзояд ва субъектҳои мавҷуда фаъолияташонро васеъ мекунанд. Дар тӯли панҷ соли охир шумораи соҳибкорон қариб се баробар афзудааст. Бисёре аз тоҷирон тиҷорати худро дар саросари кишвар тавсеа дода, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис доданд ва ба ширкатҳои бузурги муваффақ табдил ёфтанд. Синфи соҳибкорон ташаккул ёфт, ки брендҳои худро дошта, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ шинохта шудаанд.

    Сарвари давлат баъзе аз ин соҳибкорони боғайрат ва фидокорро номбар карда, барои халқамонро дастгирӣ намуданашон миннатдорӣ изҳор намуд.

    Пеш аз муколамаи кушод ҷамъоварии муроҷиатҳо оид ба масъалаҳо ва мушкилоте, ки соҳибкоронро ба ташвиш меоранд, эълон шуда буд. Аз рӯи масъалаҳои гуногун беш аз 15 ҳазор муроҷиат расид.

    Президент дар суханронии худ 7 самти муҳими ҳалли онҳоро нишон дод. Самти аввал ба маблағгузории тиҷорат, дуюм -- такмил додани низоми андозбандӣ ва кам кардани сарбории андоз ба тиҷорат, сеюм ба такмили тартиби додани замин, чорум -- рушди инфрасохтор, панҷум -- дастгирии корхонаҳои содиркунанда, шашум -- бахши нақлиёт ва логистика, ҳафтум -- содда кардани расмиёти пеш бурдани тиҷорат тааллуқ доранд.

    Сарвари давлатамон бинобар ҳар як самт вазифаҳои ҷориро муйаян намуда, ташаббусҳои нав пеш гузошт.

    Масалан, 40 фоизи муроҷиатҳо ба маблағгузории тиҷорат ва масъалаҳои молиявию кредитӣ марбутанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бисёре аз қарзҳо бо фоизи баланд ва ба муддати кӯтоҳ, бо шартҳое, ки барои соҳибкор номусоид аст, дода мешаванд. Ҳамчунин, қарзҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби болоравии қурб барои соҳибкор хароҷоти иловагӣ эҷод мекунанд.

    Ба ин муносибат оид ба баланд бардоштани сармояи бонкҳо чораҳо муайян карда шуданд. Аз ҷумла, соли оянда бонкҳо аз Фонди таҷдид ва рушди дар асоси тамоюлҳои бозоргонӣ 600 миллион доллари иловагӣ мегиранд. Дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ дар асъори миллӣ ба маблағи 5 триллион сӯм евробондҳо ҷойгир карда мешаванд. Барои ворид шудан ба бозори Ӯзбекистон барои бонкҳои хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам хоҳанд омад.

    Боз як навовариҳои муҳим ҷорӣ намудани низоми қарздиҳӣ ба соҳибкорон бо сӯм новобаста аз асъоре, ки бонкҳо бо онҳо захираҳоро ҷалб мекунанд, хоҳад буд. Барои ин дар назди Вазорати молия ширкати идоракунии хавфҳои асъорӣ бо филиалҳо дар минтақаҳо таъсис дода мешавад.

    Дар давоми се соли охир шумораи андозҳо аз 16 то 9 кам карда шуд. То ба наздикӣ бадалҳо ба фондҳои нафақа, мактаб ва роҳ ба андозаи 3,2 фоиз пардохт карда мешуданд, ки ин барои соҳибкорон бори гарон буд. Ин пардохтҳо новобаста аз фоида аз гардиш тарҳ карда мешуданд ва андозаи онҳо ҳадди ақалл 25-30 фоизи фоидаи корхонаҳоро ташкил медод. Меъёри андози амвол, андози даромад ва андози иҷтимоӣ 2 маротиба кам карда шуд.

    Президент қайд намуд, ки дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.

    Аз ҷумла, ба соҳибкороне, ки то қабули Қонун "Дар бораи минтақаҳои махсус" дар моҳи феврали соли 2020 дар минтақаҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, имтиёзҳои ба онҳо додашуда нигоҳ дошта мешаванд.

    Тартиби баргардонидани маблағи барои арзиши иловагӣ зиёдатӣ пардохташуда ба иштирокчиёни минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар давоми 7 рӯз ҷорӣ карда мешавад. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки сармояи кории худро зиёд кунанд.

    Илова бар ин, ҳангоми пардохти андози арзиши иловагӣ бо муҳлатдиҳӣ ба 120 рӯз ба соҳибкорон фоиз ҳисоб карда ва гарав талаб карда намешавад.

    Меъёри андози истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барои корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон 2 маротиба кам карда мешавад.

    Сарвари давлат аҳамияти дастгирии соҳаи хизматрасониро дар шароити пандемия таъкид карда, супориш дод, ки имтиёзҳои ба онҳо соли гузашта додашуда дароз карда шавад. То охири сол муассисаҳои хӯроки умумӣ аз пардохти андози замин ва амвол, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо аз боҷи туристӣ ба мӯҳлати 2 сол озод карда шаванд.

    Тибқи тартиби мавҷуда, соҳибкорон дар баробари ҳисоботдиҳӣ вазифадоранд, ки барои ситонидани фарқияти андози арзиши иловагӣ ба мақомоти андоз алоҳида муроҷиат кунанд. Ин ба 14 ҳазор соҳибкор дахл дорад, чунин тартиб боиси зоеъ рафтани вақту маблағи онҳо мешуд.

    Аз ин рӯ, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки аз соли оянда тартиби баргардонидани андози арзиши иловагиро бидуни ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҷорӣ кунанд.

    Мушкили дигаре, ки соҳибкоронро ба ташвиш меорад, тақсими замин аст. Ба ин муносибат ба номи Президент зиёда аз 4 ҳазор муроҷиат расид.

    16 августи соли ҷорӣ Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такомули тартиби додани қитъаҳои замин ва истифодаи онҳо, инчунин низоми ҳисоби замин ва пеш бурдани кадастри давлатии замин" қабул шуд. Бо ин барои ба муомилоти иқтисодӣ баровардани замин, ба объекти хариду фурӯш ва гарав табдил додани замин заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.

    Аз ин пас заминҳои хоҷагии қишлоқ бо шарти озмуни кушод танҳо ба иҷора дода мешавад. Заминҳои ғайрикишоварзӣ фақат аз тариқи ауксион фурӯхта мешавад.

    Табиист, ки бисёр соҳибкоронро тақдири қитъаҳои замин, ки дар он тиҷорати худро ба роҳ андохтаанд, нигарон месозад.

    Президент таъкид кард, ки қитъаҳои замине, ки ҳоло корхонаҳо банд кардаанд, барои онҳо чун мулки хусусӣ номнавис мегардад.

    Ба таъмини воҳидҳои соҳибкорӣ бо инфрасохтор эътибори алоҳида нигаронда шуд. Таъкид гардид, ки аз 1 январи соли оянда давлат пурра барои гузарондани шабакаи электр, газ, таъмини об ва инфрасохтори роҳ барои лоиҳаҳои қиматашон 200 миллиард сӯм ҷавобгӯ хоҳад гардид. Имрӯз ин тартиб фақат барои лоиҳаҳои сармоягузорони хориҷӣ ба миқдори беш аз 50 миллион доллар татбиқ мегардад.

    Ғайр аз ин дар ду соли наздик дар тамоми мамлакат боз 200 минтақаи саноатӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки онҳоро давлат бо коммуникатсияи муҳандисӣ ва инфрасохтори роҳ таъмин менамояд. Ба ин мақсад соли оянда аз буҷа 2 триллион сӯм маблағ ҷудо хоҳад гардид.

    Дигар мушкилоте, ки аз он соҳибкорон шикоят менамоянд, аз он иборат аст, ки барои корхонаҳои хурд барои пайвастан ба шабакаҳои электр мисли корхонаҳои бузург талаб гузошта мешавад.

    Бинобар ин аз аввали соли оянда низоми муносиб - пайвастан ба шабакаҳои электр пурра аз тариқи пойгоҳи электронӣ роҳандозӣ шуда, тамоми ҷараён ба ҳам муттаҳид карда мешавад. Муддати пайвастани соҳибкорон ба шабакаи электр барои иқтидори то 20 киловатт дар зарфи даҳ рӯз, барои иқтидори то 50 киловатт 20 рӯз муқаррар карда мешавад. Агар корхонаи таъминоти барқ дар муддаташ корро анҷом надиҳад, он ба соҳибкор ҷубронпулӣ мепардозад.

    Роҳбари давлат дар заминаи дастгирии корхонаҳои содиркунанда ва ҷалби тиҷорати хурд ба фаъолияти содиротӣ чандин ташаббусро изҳор намуд.

    Барои мисол, соли гузашта дар замони пандемия барои корхонаҳои бофандагӣ тартиби бозгардондани арзиши изофа бидуни интизор шудани воридоти асъор аз содирот ҷорӣ карда шуда буд. Аз ин пас ин тартиб нисбати содиркунандагони поквиҷдон ва ботартиби тамоми соҳаҳо татбиқ карда мешавад.

    Ҳамин тариқ, корхонаҳое, ки дар тӯли як сол ба миқдори 20 миллион доллар маҳсулот содир менамоянд, кредити имтиёзнокро ба миқдори то 5 миллион доллар метавонанд соҳиб гарданд.

    Таъкид шуд, ки имрӯз барои ворид намудани баъзе намудҳои ашёи хом молиёти зиёди гумрук муқаррар карда шудааст. Дар натиҷа аз истеҳсол намудан маҳсулотро ворид кардан арзонтар меафтад.

    Бинобар ин ба ҳукумат паст намудани ставкаи молиёти воридот барои ашёи хом ва полуфабрикатҳо супурда шуд.

    Инчунин, ба масъалаҳои инкишофи хидмати нақлиёту логистика, сабук намудани молкашонии соҳибкорон дахл карда шуд. Муайян карда шуд, ки имтиёзот барои ворид намудани автомобилҳои боркаш ва вагонҳои роҳи оҳан боз барои се сол дароз карда мешавад.

    Вобаста ба коҳиш додани мудохила ба фаъолияти тиҷоратӣ ва сабук намудани ҷараёни ба даст овардани субсид бисёр супоришҳо дода шуд.

    Зимни мулоқот соҳибкорони ҳамаи минтақаҳо дар бобати мушкилот сухан ба миён оварданд ва пешниҳодоти худро баён намуданд. Ҳар як ҳолат бо иштироки шахсони масъул ва ҳокимон муҳокима гардид.

    Президент пешниҳод кард, ки чунин гуфтугӯҳои кушод анъанавӣ гардида, дар мамлакат 20 август Рӯзи соҳибкорон муқаррар карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон васеъ дастгирӣ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates