Президенти Ӯзбекистон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон иштирок хоҳад кард

    Муовини сардори Администрасия, котиби матбуоти Президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе дар бораи ҷадвали сарвари давлати мо барои ҳафтаи оғозшуда сухан гуфт.

    Ба гуфтаи котиби матбуот, ин ҳафта як қатор чорабиниҳо дар рӯзнома қарор доранд. Аз ҷумла, баргузор намудани тақдимот оид навсозии низоми таъминоти гармии шаҳри Тошканд, инчунин ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои таъмин намудани суръати афзоиши иқтисодӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Рӯзи ҷумъа Президент дар мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Авазаи Туркманистон баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.