Эъломияи муштараки ҷаласаи сеюми роҳбарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея қабул гардид

    Ҷаласаи сеюми роҳбарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири шаъну эътибори инсон, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист» кори худро ба анҷом расонд.

    Дар доираи ҷаласаи умумӣ ва нишастҳои мавзӯӣ масъалаҳое мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд, ки ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ дар самти боло бурдани шаъну эътибори инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудаанд.

    Ҳамзамон, оид ба самтҳои ҳамкории иқтисодӣ ва трансформатсияи рақамӣ андешаҳо баён гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани роҳҳалҳои инноватсионӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна таҳия шуданд.

    Дар масъалаҳои экология ва сиёсати «сабз» пешниҳодҳо вобаста ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, такмили қонунгузории экологӣ ва тақвияти назорати парлумонӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ, сиёсати ҷавонон, рушди мубодилаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ идома дода шавад.

    Ҳамчунин, Эъломияи муштараки ҷаласаи сеюми роҳбарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея қабул гардид.

    Созиш ба даст омад, ки минбаъд ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими дипломатияи парлумонӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами қонунгузорӣ ва густариши майдонҳои муколама идома дода шавад.

    Гузаронидани ҷаласаи навбатии чоруми роҳбарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея соли 2026 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates