Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар аст, танҳо дар баъзе ҷойҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар биёбонҳо дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чанголуд ба амал меояд. Ҳарорат 30-35 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.