Бинобар маълумоти хидмати Узгидромет, нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр афзоиш ёбад. Ҳарорат 28-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, то 15-20 метр шиддат гирифта, дар шимолу ҷануб ва биёбон эҳтимол то 21-23 метр дар як сония вазад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.