Имрӯз рӯзона дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё, Сурхондарё ва вилоятҳои водии Фарғона каме барф меборад. Дар ҳудуди боқимондаи кишвар ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Роҳҳо ях мебанданд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 17-22 метр, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилоятҳои Сурхондарё, Фарғона то 23-25 метр шиддат гирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 12 дараҷа; дар шимол 12-17 дараҷа хунук мешавад.
Тибқи иттилои хидмати “Узгидромет”, шомгоҳон дар пойтахт барфи сабук меборад ва туман фаро мегирад. Роҳҳо ях мебанданд. Шамол аз самти шимолу шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 7-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, туман ба амал меояд. Роҳҳо ях мебанданд. Шамол дар баъзе ҷойҳо дар як сония 7-12 метр вазида, эҳтимол то 17-22 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 23-25 шиддат гирад. Ҳарорат 7-12 дараҷа хунук мешавад.