Бино ба маълумоти хадамоти Узгидромет, дар пойтахт нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, то 12-15 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 27-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, борони шадид ва раъду барқ мавҷуд аст. Хавфи селравӣ ҳаст. Шамол аз самти ғарб 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр мевазад. Ҳарорат 15-20 дараҷа гарм мешавад.