Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар натиҷаи интизории ҳарорати баланд дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистони вилояти Фарғона, ноҳияҳои Сӯх, Фарғона ва дарёҳои Сӯх, Шоҳимардон, Исфайрамсой аз қаламрави Қирғизистон омадани сели пиряхӣ (глятсиалӣ) имконпазир аст.
Дар пойтахт ҳаво офтобӣ мешавад. Ҳарорати баландарин ба 39-41 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор борон намеборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр вазида, баъзе ноҳияҳоро чанги ғуборолуд фаро мегирад. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷа мешавад.