Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм ва минтақаи биёбони вилояти Навоӣ, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр афзоиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чанголуд падид меояд. Ҳарорат 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш намешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр афзоиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чанголуд падид меояд. Ҳарорат 24-29 дараҷа гарм мешавад.