Хидмати Узгидромет хабар медиҳад, ки дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, эҳтимоли  то 10-12 метр шиддат гирифтани он дар назар аст. Ҳаво то 32-34 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимол  борони кӯтоҳмуддат борида,  дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ​​ба амал ояд. Дар вақти раъду барқ ​​вазиши шамол дар як сония  то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 20-25 дараҷа мешавад.