Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво нимаабр мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 28-30 дараҷа мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво каме тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 15-20 дараҷаро ташкил медиҳад.