БРСММ дар доираи лоиҳаи глобалии «STRIVE Asia» барои роҳбарони маҳаллаҳо курсҳои махсус ташкил мекунад

    Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати дастгирии маҳалла ва наслҳои калонсол курсҳои махсусро барои омӯзонидани афроди калидӣ дар маҳаллаҳои мавриди ҳадаф дар шаҳри Тошканд оид ба ҷанбаҳои гуногуни пешгирии ифротгароии хушунатомез ва вокуниши зуд ба нишонаҳои радикализатсия оғоз намуд.

    Дар давоми чор рӯз беш аз сад нафар намояндагони маҳаллаҳо (аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, намояндагони ҷавонон, занони роҳбар ва ғайра) имкон пайдо мекунанд, ки дар доираи васеи бахшҳои мавзӯӣ, аз қабили қонунгузории Ӯзбекистон дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизми хушунатомез, расонидани кумакҳои равонӣ ба ниёзмандон, таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез зери ниқоби дин, ҷанбаҳои гендерии масъала ва ғайра малакаи худро такмил диҳанд.

    Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи глобалии «Ташаккули устуворӣ ба ифротгароии хушунатомез дар Осиё (STRIVE Asia)» - шарикии муштараки ИА ва СММ ташкил карда шудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ, Ҷанубу Шарқӣ бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ мебошад.

    Мақсади асосӣ мусоидат ба баланд бардоштани омодагии мақомоти давлатӣ ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматие мебошад, ки ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар кишварҳои баҳрабардоранда машғуланд.

    БРСММ дар доираи лоиҳаи мазкур Ҳукумати Ӯзбекистонро дар татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2026» тавассути мусоидат намудан ба саъю кӯшиш дар маҳаллаҳо ҷиҳати беҳтар намудани қабули қарорҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогиранда, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти муқовимат ва пешгирии ифротгароӣ, иштироки пурмазмуни шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳушёрии ҷомеа ва баланд бардоштани фаҳмиш ва дониши мардум дар ин самт, инчунин дар марҳилаи аввал ошкор намудани ҳолатҳои норозигӣ байни аҳолӣ, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд, дастгирӣ мекунад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates