Ба ифтихори меҳмони олимақом парчамҳои ду давлат барафрохта шуданд, қаровули фахрӣ саф орост. Бо иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Қазоқистон садо доданд.
Президентҳо Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев аз назди қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро истиқбол намуданд.
Чорабиниҳои асосии сафар пагоҳ, 15 ноябр баргузор мегарданд.