Тавре ки ИА «Дунё» хабар медиҳад, дар доираи сафар аъзои ҳайат бо фаъолияти хадамоти гумрукии фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур, сарҳадҳои заминии кишвар ва бандарҳои баҳрӣ шинос шуданд.
Аз ҷумла, ба ҳайати Ӯзбекистон дар бораи назорати гумрукии борҳо, мусофирон ва бағоҷи воридшаванда ва хориҷшаванда, сатҳи рақамикунонии фаъолияти гумрук, татбиқи консепсияи «гумруки оқил» маълумоти муфассал дода, раванди корҳо дар ин соҳа муаррифӣ гардид.
Дар музокироти васеъ бо роҳбари Департаменти гумрукии Шоҳигарии Малайзия Анис Ризана Зайнуддин ва дигар масъулини ин ниҳод, ҷониби Ӯзбекистон дар бораи ислоҳоти соҳаи гумрук маълумот дод. Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати мақсадноки роҳбарияти ҷумҳурӣ нақши Ӯзбекистон дар ташкили тиҷорат байни Осиё ва Аврупо меафзояд.
Ҷониби малайзӣ омодагии худро барои соддасозии механизмҳои гумрукӣ байни ду кишвар, табодули омӯзиши кадрҳо ва беҳтарсозии хизматрасониҳои гумрукӣ ба хотири афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва дар натиҷа баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии ҳарду кишвар изҳор намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо, ҷонибҳо дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳои зич байни Академияи гумрукии Шоҳигарии Малайзия ва Донишкадаи гумрукии Ӯзбекистон, табодули таҷриба байни хадамоти гумрукии ду кишвар, таҳкими пояи ҳуқуқии ҳамкорӣ, рақамикунонии фаъолияти гумрук, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи хадамоти кинологӣ ба мувофиқа расиданд.
Ба хадамоти гумрукии Шоҳигарии Малайзия саги махсуси хизматии зоти лабрадор, ки дар Маркази кинологии Тошканд парвариш ёфтааст, тӯҳфа карда шуд.
Ин сафари ҳайати Кумитаи гумрук дар доираи татбиқи амалии созишномаҳои дар музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Малайзия бадастомада, ки рӯзҳои 4-5 феврали соли ҷорӣ баргузор гардиданд, ташкил карда шуд.








