Тибқи иттилои агентии иттилоотии чинии «Синьхуа», дар ин бора 23 феврал дар Вазорати Гурҷистон оид ба шахсони аз ҳудудҳои ишғолшуда кӯчбандшудаи дохилӣ, меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар додаанд, менависад ИА «Дунё».
«Иҷозатномаҳои кор тавассути Агентии давлатии мусоидат ба шуғл дода мешаванд. Раванд пурра электронӣ аст, портали бақайдгирӣ 1 март боз мешавад, гирифтани иҷозатнома ройгон мебошад. Иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ба як вазифаи мушаххас ва барои як корфармои муайян ба муҳлати 1 сол дода мешавад», — таъкид карданд дар вазорат.