Зимни музокирот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба такмили механизмҳои ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи вохӯрӣ дар бораи ба роҳ мондани шаклҳои боз ҳам чандир ва самараноки ҳамкорӣ миёни маъмуриятҳои президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон созиш ҳосил шуд.

Таъкид гардид, ки ин имкон медиҳад тамоми созишҳои дар сатҳи олӣ бадастомада пайгирона амалӣ гарданд ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамсоягии неки миёни ду давлати бародар мусоидат хоҳад кард.