Дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Арманистон гузаронида шуд, хоккейчиёни мо дар дивизиони худ пирӯз гардида, ҳуқуқи ширкатро дар дивизиони сеюми мавсими навбатӣ ба даст оварданд. Пеш аз ин мунтахаби мо дар чемпионати ҷаҳон байни хоккейбозони то 18-сола, ки моҳи март дар Таиланд баргузор шуд, ғолиб омада буд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар Арабистони Саудӣ миёни варзишгарони то 18-сола гузаронида шуд, ҳамватанони мо 12 медал, аз ҷумла, 3 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, бори аввал дар таърихи худ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дуюмро касб карданд.

Бино ба гуфтаи котиби матбуоти Президент, сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дастовардҳои варзишгаронро бо таваҷҷӯҳ ва диққати хос пайгирӣ мекунад.

"Ин комёбиҳо, пеш аз ҳама, ба туфайли меҳнати пайваста, маҳорати баланд, иродаи мустаҳкам ва матонати писару духтарони мост. Бояд гуфт, ки дар ин самт эътибор ба соҳаи варзиш ва сиёсати муназзами давлатӣ низ нақши хоса дорад. Дар мамлакат инфрасохтори варзишӣ дар сатҳи назаррас беҳтар гардида, мактабҳои нав кушода мешавад ва барои рушди касбии варзишгарон шароит фароҳам мегардад", навиштааст дар саҳифаҳо иҷтимоии худ Шерзод Асадов.

Илова кардааст, ки сарвари давлатамон хоккейбоз ва варзишгарони сабуки моро бо пирӯзиҳои бузургашон табрик гуфта, ба падару модар, омӯзгор ва мураббиёни онҳо самимона изҳори миннатдорӣ мекунад.