Имсол дар олимпиада 1800 донишомӯз аз 23 кишвар иштирок карда, дониши худро дар гурӯҳҳои синнусолии гуногун намоиш доданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар даври миллии интихобӣ зиёда аз 1000 хонанда аз Ӯзбекистон иштирок карданд, ки аз онҳо 60 нафар ба марҳилаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ғолибони олимпиада дипломҳои байналмилалӣ супорида шуданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ба донишгоҳҳои бонуфуз дохил шаванд, стипендия ва имтиёзҳои таълимӣ гиранд.
Олимпиадаи математикии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (CEAMO) аз ҷониби Академияи Терри Чиюи Сингапур таъсис ёфтааст. Ин олимпиада сатҳи донишу саводнокии хонандагонро дар риштаи математика месанҷад.
Дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ хонандагони синну солашон аз 7 то 18-сола аз кишварҳои Австралия, ИМА, Сингапур, Индонезия, Ҷопон, Чин, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо мунтазам иштирок мекунанд.








