Кормандони Гвардияи миллӣ ба онҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб намепӯшанд, ниқоб медиҳанд

    Тандурустӣ 11 Yanvar 2022 905

    Штамми коронавируси «омикрон» ба кишвари мо ворид шудааст, аммо бо вуҷуди ин, шумораи ками мардум ниқобҳои тиббӣ мепӯшанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳо пахш шуданд, ки шаҳрвандоне, ки ба риояи низоми ниқоб беэътиноӣ мекунанд, ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор сӯм ҷарима хоҳанд шуд.

    Ин маълумот то чӣ андоза ба воқеъият мувофиқат мекунад, ҷавоб дод узви ситоди оид ба мубориза бо коронавирус Ҳабибулла Оқилов.

    Ба гуфтаи Оқилов, минбаъд кормандон Гвардияи миллӣ ба шаҳрвандоне, ки бидуни ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайдо мешаванд, ниқобҳои тиббӣ медиҳанд.

    «Минбаъд Гвардияи миллӣ оид ба ёдоварии зарурати пӯшидани ниқоб ба шаҳрвандоне, ки ниқобҳои тиббӣ намепӯшанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, инчунин онҳоеро, ки ниқоб намепӯшанд, бо ниқоб таъмин мекунанд. Ҳамзамон, тибқи меъёрҳои муқарраршуда нисбат ба қонуншиканон ҷарима ситонида мешавад”, — гуфт Ҳабибулла Оқилов.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates