Таъкид гардид, ки бояд барои иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди интихобот шароит фароҳам овард.
Комиссияи махсус пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсиро оид ба гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ - вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва номзадҳо тасдиқ намуд.
Ба ҳизбҳои сиёсӣ тавсия дода мешавад, ки ба риояи чораҳои санитарию карантинӣ, масофаи иҷтимоӣ эътибори алоҳида дода, назоратро бар пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва истифодаи антисептикҳо пурзӯр гардонанд.