И. Иргашев дар нутқи худ махсусан қайд кард, ки Афғонистон барои Ӯзбекистон кишвари ҳамсояи бародар аст, ки моро бо он риштаҳои дӯстии чандинасра, таърих, дин, расму оин ва анъанаҳои умумӣ мепайвандад.

Таъкид шуд, ки мамлакати мо нисбат ба Афғонистон сиёсати дӯстонаеро пеш мебарад, ки ба тамоюлҳои эҳтироми якдигар, баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтааст.

Аҳамияти муколамаи созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо толибон, роҳ надодан ба ҷудогузории дубораи онҳо ба манфиати мардуми Афғонистон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Бидуни истисно, ҳамаи намояндагони доимии кишварҳои узви НАТО ба Ӯзбекистон барои кӯмак дар эвакуатсияи шаҳрвандонаш аз Афғонистон изҳори миннатдории самимӣ намуданд.

Таваҷҷӯҳи иштирокдорон ба он ҷалб карда шуд, ки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд фаъол ҷалб намудани Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, инчунин расонидани кӯмаки башардӯстонаи изтирорӣ ба мардуми афғон афзалиятнок боқӣ монад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.