Дар рафти суҳбат тарафҳо вазъияти ҳозираи Афгонистон, саъю кӯшиши давлатҳои ҷаҳонро оид ба аз ҷиҳати иқтисодӣ барқарор намудани ин мамлакат, расондани ёрии башардӯстона ва ғайра ба халқи афғон муҳокима карданд.

Ҷониби Аврупо ба иқдомҳои прагматикии Ӯзбекистон оид ба коркарди мавқеи муттаҳидшудаи минтақавӣ ҳам нисбат ба мақомоти нави Афғонистон ва ҳам дар ҳалли мушкилоти мубрами эҳёи иҷтимоию иқтисодии кишвар баҳои баланд дод.

Патрик де Ври зарурати ҳамкории мувофиқшудаи кишварҳои Аврупоро бо Ӯзбекистон дар самти Афғонистон таъкид кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.