Дар ин бора агентии Reuters рӯзи панҷшанбе, 29 январ хабар медиҳад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Дания зикр карданд, ки ҳадафи муколама кӯшиши «баррасии роҳҳои ҳалли нигарониҳои амниятии ИМА дар Арктика бо эҳтиром ба хатҳои сурхи Шоҳигарӣ» мебошад.

Ин музокирот пас аз чанд моҳи таниш миёни Дания ва ИМА, ки ҳар ду аз муассисони НАТО мебошанд, баргузор мешавад.

Қаблан котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки ИМА оид ба масъалаи Гренландия машваратҳо мегузаронад ва дар ин самт вохӯриҳо дар сатҳи техникӣ бо намояндагони Гренландия ва Дания баргузор хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 21 январ зимни суханронӣ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос роҳбари ИМА Доналд Трамп бори дигар аз нияти ИМА барои ба даст овардани назорат бар Гренландия изҳор намуд ва ҳамзамон ваъда дод, ки аз истифодаи нерӯи ҳарбӣ худдорӣ хоҳад кард.

Баъдтар Трамп дар бораи ба имзо расидани «созишномаи чаҳорчӯбӣ» оид ба Гренландия хабар дод. Тибқи иттилои расонаҳо, ин санад тақвияти ҳузури нерӯҳои НАТО ва ИМА-ро дар ҷазира пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки ҳуқуқи истихроҷи захираҳои табиӣ ба ихтиёри Вашингтон дода шавад, менависад korrespondent.net.